Дар китоби дарсӣ тавсифи мухтасари таърихи карахткунӣ (бедардкунӣ) пешкаши хонандагон гардонида шуда, маълумоти ҳозиразамон дар бораи механизми таъсири доруҳои (моддаҳои) мадхушкунанда (наркотикӣ), назария ва марҳилаҳои (давраҳои) наркоз дода шудааст. Инчунин, фармакологияи клиникии доруҳои мадхушкунандаи (карахткунандаи) ингалятсионӣ, таърихи онҳо, механизми таъсиркунии онҳо ва мушкилотҳои релаксантҳои мушакӣ муфассал инъикос ёфтаанд. Намудҳои карахткунии умумӣ, тайёр намудани бемор ба наркоз ва омодасозии пеш аз тиббӣ, усулњо ва маводҳои барои гипотонияи (яъне, барои фишори пасти хуни) идорашаванда, атаралгезия ва маводҳое, ки барои атаралгезия, карахткунии ҷузъӣ татбиқ мешаванд, оварда шудаанд.